Новости телекоммуникаций 
Таджикистана,СНГ и мира
в сфере мобильной,
беспроводной,спутниковой
и фиксированной связи,
интернета, кабельных сетей,
других видов коммуникаций
и ИТ технологий.
Воскресенье, 22.10.2017, 14:52
iNEWS.tj
Приветствуем Вас Гость из группы Гости
Главная Каталог статейМой профиль Выход

ЕЖЕДНЕВНАЯ
ИНТЕРНЕТ-ГАЗЕТА

РегистрацияВход
Меню сайта

Категории раздела
Связь [520]
Аналитика [195]
Обзоры [116]
Интернет [102]
Технологии [178]
Бизнес [135]
Софт [53]
Железо [58]
Безопасность [49]
Интервью [43]
Гаджеты [32]
Пресс-релизы [325]

Измерь интернет

Форма входа

Отправить SMS

Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Главная » Статьи » Пресс-релизы

Лоиҳаҳои нави телевизиони «Сафина» дар соли нав
Донистани назари мардум оид ба ин ё он масъала муҳим аст, вале мо тасмим гирифтем дар бахшҳои алоҳидаи барномаҳои худ аз фикру андешаҳои мардум, бахусус ҳангоми қабули қонунҳое амсоли лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» истифода барем ва аз «Микрофони озод» даст кашем,- гуфт раиси телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлатов дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон.

Ба ақидаи ӯ, чун «Микрофони озод» ҳам дар шабакаи аввал ва ҳам дар муассисаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» амал мекунад, онҳо ин тасмимро ба хотири аз байн бурдани якрангӣ ва дилбазан нагаштани барномаҳо гирифтаанд.

Лутфулло Давлатов аз ҷашнҳои дарпешистода - иди пуршукӯҳи ниёгони мо - Наврӯз ва яке аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ - ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки вобаста ба ин санаи муҳим дар барномаҳои телевизион махсус бахшҳо тайёр карда мешаванд.

- Аҳли эҷоди муассисаи телевизиони «Сафина» тасмим гирифтааст, ки соли ҷадид як силсила лоиҳаҳои навро пешкаши тамошогарон кунад. Ин лоиҳаҳо аз қабили барномаҳои наву тозае чун «Толори оинаҳо», «Мухлис», «Артиш», «Дар ин замона», «Зебосанам», «Ҷилваи ҳунар», «Салом дугонаҷон», «Саҳна» ва «Ситораи бахт» аст. Ҳамчунин, мо таҳияи як силсила филмҳои ҳам мустанад ва ҳам бадеиро ба нақша гирифтем. Мо бо дастгирии мухлисон ва нигоҳи гарми тамошогарон ният дорем ин барномаҳоро дар сатҳи баланд пешкаш намоем,- зикр кард Лутфулло Давлатов.

Ба гуфтаи ӯ, барои дубляжи филмҳо аз ҷиҳати техникӣ, надоштани кадр ё тарҷумон дар телевизион шояд камбудиҳо ҳаст, вале бо вуҷуд, дар ин ҷода пешравиҳо ба назар мерасад.

Тавре сармуҳаррири идораи таҳия ва дубляжи филмҳои телевизиони «Сафина» Сиярова изҳор медорад, аз ҷумла соли 2010 идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 60 филми бадеӣ ва мустанадро ба забони тоҷикӣ баргардонд.

Ҳазамон, ба иттилои масъулони телевизион, идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи муассисаи «Сафина» дар як моҳи соли 2011 таҳия ва дубляжи ду филми бадеӣ ва 4 филми мустанадро дар нақша дорад.

Бо вуҷуди дар телевизиони «Сафина» фаъолият доштани журналистони касбиву бомаҳорате чун Раҳматуллои Камол, Нигинаи Мумин ва чанде дигар, аксарияти тамошагарон ишора ба он мекунанд, ки барномаҳои таҳлилии ин шабака бояд таҷдиди назар шаванд.

Дар ин бобат Лутфуллои Давлат мегӯяд, ки ҳеҷ мушкили фаннӣ ва кадрӣ дар муассиса вуҷуд надорад. Ба ҳар сурат, ба қавли ӯ, ҳамчун роҳбар тарафдори он аст, ки ба муасссиса беҳтарин кадрҳо шомил шаванд. Ҳарчанд бархе аз хатмкардагони факултаи журналистика аз тарзи қабули кадрҳо дар шабакаҳои телевизионӣ шиква карда, мегӯянд, ки «роҳбарият танҳо ба чеҳра диққат медиҳад, на ба савод», Лутфулло Давлатов ин иддаоро рад мекунад.

- Шуда буд, ки моро ба факултаи журналистикаи ДМТ, ки тақрибан 75 хатмкунанда дошт, даъват карданд, то аз байни онҳо беҳтарин ҷавондухтарону ҷавонписаронро барои кор дар телевизиони «Сафина» интихоб кунем. Дар онҷо муаллим Баҳриддин Камолиддинов баромад карда, гуфтанд, ки «мебахшед, ман аз ҳаминсола шогирдонам худ розӣ нестам, ягон касро тавсия ҳам намедиҳам». Бовуҷуд, чун ҳеҷ боварам набуд, ки дар байни 70-80 нафар лаёқатманде набошад, пурсидам, ки «хоҳишмандон ҳастанд, ки ба телевизиони «Сафина» кор биёянд? Агар ҳа, ман як савол медиҳам, ҷавоб ки гуфт, албатта биёяд телевизион, мо ҳама шароитҳоро муҳайё мекунем, кор кунад». Вале як кас ҳам ҷуръат карда аз ҷояш нахест. Росташ, он потенисиали корие, ки мо дорем, бад нест, лек бисёре аз журналистон сатҳи фаҳмишу дониши барномаофарӣ надоранд. Ҳар як нафари навкорро мо бо сармуҳаррирони таҷрибадор муддатҳо меомӯзонем, то хушсалиқа шаванд. Мехоҳам босаводтарин, бомаҳораттарин ва зеботарин чеҳраҳо дар телевизиони «Сафина» бошанд,- мегӯяд Лутфулло Давлатов.

Категория: Пресс-релизы | Добавил: Max (13.01.2011) | Автор: Мушкинисо АСОЗОДА - "TojNews" W
Просмотров: 5511 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Из Рук в Руки
[24.02.2014]
Вакансия: Руководитель Службы по обслуживанию клие... 
[08.07.2013]
Продажа Sony Xperia Z C6603/Apple iPhone 5 Телефон... 
[03.06.2013]
Размещение объявлений более чем на 2200 досках. 2s... 
[11.04.2013]
Тут luxury white отбеливание зубов отзывы Crestal 
[06.04.2013]
Уникальные курсы Интернет-маркетологов 

Новости партнеров

Ваш IP
Узнай свой IP адрес

Почта
Логин:
Пароль:

(что это)


Copyright MDN-Group © 2017
Используются технологии uCoz